Экстремизм – терроризмро махкум менамоем.

E-mail Печать PDF
(0 голоса, среднее 0 из 5)

Максади мо аз нигоштани маколаи мазкур кабл аз хама он аст, ки мазмун ва мундаричаи гояхои хатарноки равияхои номатлуби характери экстремисти ва террористи доштаро ба доираи васеи хонандагон, махсусан чавонон дастрас намуда, собит намоем, ки гояхои равияхои мазкур барои чомеаи мо тамоман хатарнок ва бегона буда, пайрави намудан ба он окибатхои сангини ичтимои ба бор меорад.

Чахони муосир  пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятхост, ки яке аз сабабхои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм, анархизм,  ва дигар зухуроту падидахои номатлубу хатарафзо мебошад.

 

Мутаасифона, дар чомеаи мо низ аломатхои чунин зухуроту падидахои номатлубро аз кабили радикализм ва экстремизм, синкретизм (яксон, махлут кардани назария, андеша ва акидахои ба хам мухолиф), нигелизм (инкори маслаку мафкура, хулку одоб, сохтори маъмули чомеа), тоталитаризм (яккахукмрони ва махрумият аз тамоми намуди озодихо), космополитим (рад кардани хуввияти милли, фархангу суннатхои миллию  дини) - ро мушохида кардан мумкин аст.

Он чиз муссалам аст, ки дини мубини ислом хама гуна зухуроти экстремизм, терроризм, душмани, адоват, чанг ё задухурдхоеро, ки нерухои экстремисти ва террористи ба он даъват мекунанд, катъиян махкум менамояд. Аммо дар тафаккури доираи муайяни мухаккикни кишвархои Гарб андешаи ботиле чой дорад, ки гуё дини ислом сачашмаи хама гуна « ифротгароии дини», экстремизм ва терроризм аст. Президенти кишварамон Чаноби оли Эмомали Рахмон дар асархо, маколахо ва Паёмхои таърихии худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон беасос будани ин андешахоро катъиян махкум намудаааст. – « Гузашта аз ин, ки имруз дар миёни чахони ислом ва Гарб саде аз нофахми ба вучуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Матаассифонадар тафаккури доираи муайяни Гарб чунин акида чой гирифтааст, ки гуё ифродгарои хоси табиати ислом – яке аз динхои чахони бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз укёнуси Хинд ва Ором то укёнуси Атлантик маскунанд ва панчяки ахолии сайёраро ташкил медиханд, аз руи инсофу адолат нест.Дини мубини ислом чун хама динхои дигар инсониятро ба тахаммул, тараххум ва тавозуъ хидоят намуда, хама гуна зуровари ва кушторро махкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои махз аст. Терроризм ба ягон дин, мазхаб ё миллат хос нест. Барои он, ки дини мубини ислом минбаъд хамчун манбаи зуроварию фишор каламдод карда нашавад, мо бояд ба чахолат маърифатро мукобил гузорем, ва ба чои муковимати тамаддунхо гутугуи тамаддунхоро ба рох монем. То замоне инсоният ба ин хамкори ва гуфтугуи судманд муваффак нагардад, хатари терроризм ва ифротгарои боки мемонад».

Хак ба чониби сарвари кишвар аст, зеро ки гояхои асосии дини мубини ислом, дар баробари динхо ва эътикотхои динии дигар дар заминаи инсондусти, тахаммулпазири, хамзистии бародаронаи халкхо ва миллатхо, химоя намудани сулх ва амният ташаккул ёфтааст.

Бесабаб нест, ки ин муаммо дар маркази таваччух ва бахси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рузноманигорон, чомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эчодкор хулоса миёни тамоми мардуми солимфикр ќарор гирифтааст.

Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи                                                                                                                                            ташкилотхо, субъектхо ё шахсони алохида бо истифодаи кувва, зуровари  ба амал овардани вазъияти ноором, мухити тарсу харос ва хатар дар чомеа мебошад. Аз нигохи пахноиву фарогири терроризм ба шаклхои зерин таксим мешавад; - байналхалви, дохилидавлати, сиёси, милли, ва дини. Амалиёти террористи аз кисматхои зерин иборат мебошад; -гояхо ва омилхои сиёси, фаъолияти зуровари, амали террористи. Терроризми байналхалки дар чахони муосир дар шаклхои терроризми ичтимои – инкилоби, терроризми этники – миллатгарои ва терроризми дини ба амал меояд. Дар замони муосир тамоили то як андоза махдуд шудани терроризми ичтимои – инкилоби ва афзудани терроризми этникию миллатгарои ва дини ба назар мерасад.

Вочаи «терроризм»  (аз калимаи лотини «terror») маншаъ гирифта, маънояш тарс ва вахм аст. Террористон мехоханд маќсаду мароми худро бо рохи зуровари, куштор, тарсу вахм амали созанд. Амалхои террористи – бевосита содир намудани Чинояти дорои хислати террористи дошта дар шакли таркиш, оташзани, истифода ё тахдиди истифодаи воситахои ядрои, моддахои радиоактиви, химияви, биологи илова бар ин нобудсохтан, зарар расонидан ё забткунии воситахои наќлиёт ва дигар обектхо; суиќасд ба хаёти ходимони давлати ё чамъияти, намояндаи милли. этники, дини ё дигар гуруххои ахоли; содир намудани дигар амалхое, ки боиси хавфи халокати одамон аст равона карда шудааст.

Дар баробари терроризм дар бисёр кишвархои чахони муосир амалиётхои экстремисти ба амал омада, боиси ташвишу изтироби чомеа гардида истодааст.

Экстремизм-(аз калимаи лотинии «extremus» маънои аслиаш канорачуи, ифротгарои,  тундрави фикру андешахо ва амалхои тундравона ба хисоб меравад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ Чонибдори амалхои якравию тундрави аст. Ин амалу зухуротхои номатлуб метавонад дар тамоми сохахои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм, фарханг ва хатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар Чахони муосир ва замони пурихтилоф хизбу харакатхо ва созмонхое хастанд, ки кушиш менамоянд маќсаду маром, ѓояву андеша афкор ва наќшахои худро бо хар роху васила ва хатто бо амалхои тундравона амали созанд.

Пас аз пош хурдани Иттиходи Шурави дар аксарияти кишвархои минтаќа аз Чумла Чумхурии Точикистон махз хамингуна хизбу харакатхо ва созмонхо аз ќабили «Хизб-ут-тахрир», равияи динии «Салафия», Чамъияти «Ансуруллох», «Кумитаи - 24» ва ѓайра пайдо шуданд, ки маќсади онхо заиф намудани пояхои давлатдори ва киштани тухми низову нифоќ дар Чомеъа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Чунин амал экстремизм аст ва дар аксар маврид он ба ихтилофу Чудоиандози, душмани, ноороми дар Чомеъа ва базан ба оќибатхои фоЧиаангез  меорад. Мутобики халномаи Суди Олии Чумхурии Точикистон фаъолияти якчанд гуруххо ё ташкилотхои экстремисти ва гайриконуни амалкунанда дар каламрави кишвар маън карда шудааст. Дар таърихи 30 марти 2006 ташкилотхои зерин; - «Ал-Коида», «Харакати Туркистони Шарки», «Хизби исломии Туркистон» (собик Харакати исломии +збекистон), «Харакати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурухи исломи», «Чамъияти исломии Покистон», «Чамъияти Таблиг», ташкилоти дини – миссионерии «Созмони таблигот» ва «Точикистони озод» ташкилотхои террористи ва экстремисти дониста шудааст.

11 марти соли 2008 «Хизб-ут-тахрир» хамчун ташкилоти экстремисти эътироф карда шудааст. 8 январи соли 2009 равияи динии «Салафия», 3 майи соли 2012 Чамъияти «Ансуруллох» ва декабри соли 2014 «Кумитаи - 24» хамчун ташкилотхои террористи, экстремисти ва ѓайриќонуни шуморида шудаанд.

Бо халномахои Суди Олии Чумхурии ТоЧикистон фаъолияти онхо дар ќаламрави Точикистон, хамчун гуруххо ва ташкилотхои террористи, экстремисти ва ѓайриќонуни маън карда шудааст.

Экстремизм ва терроризм дар чахони муосир бо хам таъвам ва пайваст мебошанд.

Вочаи «терроризм»  (аз калимаи лотини «terror») маншаъ гирифта, маънояш тарс ва вахм аст. Террористон мехоханд маќсаду мароми худро бо рохи зуровари, куштор, тарсу вахм амали созанд. Амалхои террористи – бевосита содир намудани Чинояти дорои хислати террористи дошта дар шакли таркиш, оташзани, истифода ё тахдиди истифодаи воситахои ядрои, моддахои радиоактиви, химияви, биологи илова бар ин нобудсохтан, зарар расонидан ё забткунии воситахои наќлиёт ва дигар обектхо; суиќасд ба хаёти ходимони давлати ё Чамъияти, намояндаи милли, этники, дини ё дигар гуруххои ахоли; содир намудани дигар амалхое, ки боиси хавфи халокати одамон аст равона карда шудааст.

Аз суханронии Президенти кишвар Эмомали Рахмон дар Паёми навбати ба МаЧлиси Олии Чумхурии ТоЧикистон бармеояд, ки Точикистон хамчун давлати сохибихтиёр, демократи, хуќуќбунёд ва дунявию ичтимои узви Чомеаи Чахони буда дар Чараёни тахаввулоти босуръати Чахонишавии муносибатхои иќтисодиву иЧтимои ва рушди сохахои гуногуни хаёт ќарор дорад.

Мусаллам аст, ки дар Чумхурии Точикистон бо маќсади пешгири ва бартараф намудани ин равияхои номатлуб Ќонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифродгарои ) ва Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон амал менамояд.

Бо максади пешгирии фаъолияти экстремисти  дар моддаи 9 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар эидди экстеримзм (ифротгарои) тахкид шудааст, ки) ташкил кардан, ба кайд гирифтан ва фаъолият намудани ташкилотхои экстремисти ва ё ташкилотхое, ки барои амали шудани экстремизм мусоидат мекунанд; б) фаъолияте, ки ба таргиби экстремизм алокаманд аст, аз чумла пахн кардани маводхои экстремисти; в) ба Чумхури Точикистон омадан, аз Чумхурии Точикистон рафтан ё ба воситаи Чумхурии Точикистон гузаштани шахсоне, ки дар фаъолияти экстремисти иштирок кардаанд; г) додани хуччат барои истикомат кардан ба шахсоне, ки дар фаъолияти экстремисти иштирок намудаанд; д) ба шахрвандии Чумхурии  Точикистон кабул намудани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки дар фаъолияти экстремисти иштирок намудаанд; е) гузаронидани митингхо, намоишхо, рохпаймоихо ва ё дигар баромадхои оммави, ки хилофи талаботхои конунгузории Чумхурии Точикистон мебошанд, маън аст.

Пушида нест, ки дар худуди Чумхур содиршавии Чиноятхои хусусияти экстремисти ва террористи дошта то хол ба назар мерасад. Ин моро хушдор медихад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилхои барангезандаи кинаву адовати дини ва хамзамон миллию махалли дар Чомеаи мо то хол пурра решакан нашудаанд. Мисоли равшани ин чанд рӯз муқаддам ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷум кардани дастаи мусаллаҳи терористи бо сараврии собиқ ҷонишини вазири  мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерал – майёр Ҳоҷи Ҳалим Назаров мебошад.

Ин амали номардонаи хоинони ватан аз ҷониби тамоми шаҳрвандони кишвар маҳкум карда шуд. Мардуми шарифи шаҳри Ваҳдат сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварамонро ҷонибдори намуда,  дар масълаи дастгир ва ба сохторҳои дахлдор супоридани аъзоёни гурӯҳи террористи саҳми худро гузоштанд. Хушбахтона,  мақсади хоинонаи ин гурӯҳи террористи,  ки мехост ҳаёти осоиштаи кишвари моро халалдор намуда ваъзи дохилии кишварро муташаниҷ гардонанд амали нашуд.  Сайдои Насафи ба ин маъно хуб фармудааст.

Он кас, ки ба душмани халқ равон аст, чу бахр

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.


Имруз хар як фарди Чумхури бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зухури ин гунна амалхои номатлуб на танхо вазифаи маќомоти хифзи хуќуќ, хамчунин вазифаи Чонии хар як шахрванди бономуси миллат мебошад. Мо хуб дарк мекунем, ки  дар як ќатор давлатхо идома доштани Чангхои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориёни иЧбори, бекори гуруснаги ва шиддат гирифтани муаммохои дигари ичтимои гардидаанд.

Терроризм ва ифротгарои беш аз харваќта авЧ гирифта, бо оќибатхои дахшатбору берахмонаи худ ба проблемаи Чиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин тамоми кишрхои чомеаро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгарои дастачамона ва беамон мубориза баранд.

Бояд хар як шахрванди ба ору номуси кишвар ба ќадри давлати сохибистиќлол ва зиндагии орому осуда расида, хеч гох зиракии сиёсиро аз даст надиханд ва харгиз фирефтаи таблиѓоту аќидахои бебунёди ифроти нашаванд.  Ба хотири хифзи сулху ороми ва пойдории суботи сиёсиии Чомеъа мо хама бояд муттахид бошем ва ба фаъолияти сохтору маќомотхои давлати хамаЧониба мусоидат намоем.

Тоатов Фирдавс

Бобоев Абдукарим

муаллими калони кафедраи

Чомеашиноси ДИС ДДТТ.

 

Новости

Общество
Экономика
Культура
Образование
Здравоохранение
Спорт
Молодёжь
Партнёрство
Сельское хозяйство
Экология
 
 

Наши кадры

Услуги ЦИТ "Кова"

MOD_BTSLIDESWHO_NOTICE_NO_IMAGES