Харакати иртичоии Хизб –ут – Тахрир ва таъсири манфии он ба чомеа.

E-mail Печать PDF
(0 голоса, среднее 0 из 5)

«Хизб – ут – Тахрир» соли 1952 дар шахри Кудус  аз тарафи як нафар фаластини, мусулмони равияи сунни Такаюддини Набахони (1909 – 1979) тахсис дода шуд. Т. Набахони ба сифати омузгор сараввал дар донишгоххо ва идораи динии Фаластин кор мекард. Баъдтар дар Иерусалим ва Урдун ба донишчуён дарс медод. У омузгоронро аз Иордания, Сурия ва Ливан дар атрофи хизби худ муттахид намуд.

Пас аз вафоти Набахони рохбари хизб худошиноси фаластини, аз шахри Ал – Халили Иордания Абдулкалим Зулум буд. Хамзамон дар Миср (солхои 1969 – 1984) ба хизб Абдулгани Чобир Сулаймон, Аловиддин Абдулваххоб ва Салохиддин Мухаммад Хасан рохбари намуданд. Соли 1984 хукумати Миср онхоро хабс намуд.

 

Тахлили хуччатхо собит менамоянд, ки «Хизб – ут – Тахрир» дар ягон чорабинии сиёсии кишвархои араб комёб нашудааст. Илова бар ин хизби мазкур дар кишвархои араб ва дигар гушаву канори дунё мунтазам дучори таъкибот гардидааст.

Сабаб дар он аст, ки максад ва гояхои сиёсии хизби мазкур якчониба, радикали, террористи буда, созиш ва компромисро намепазирад, пирузи ва комёбии хизбхои дигарро эътироф намекунад.

Тактика ва стратегияи хизби мазкур дар китобхои  «Низоми ислом», «Барномаи хизби Тахрир», дар дастури «Конунхои идоркунии «Хизб –ут – Тахрир», хамчунин дар китобхои « Низоми идоракуни» ва « Системаи идоракуни дар ислом» ва дастурхои дигаре, ки аз тарафи пешвоёни хизб – Т. Набахони, А. Зулум, Абу Иброхим ва дигарон дар даврахои гуногун мураттаб шудааст, муайян шудаанд.  « Хизб – ут – Тахрир» яке аз шохахои экстремистии ташкилоти динии «Бародарони мусулмон», ки хануз дар соли 1928 дар Миср аз тарафи омузгори мактаб шайх Хасан – ал – Банно тахсис шуда буд, махсуб мебошад.

Ташкилоти «Бародарони мусулмон» дар давоми фаъолияташ дар натичаи ба вукуъ пайвастани ихтилофхои чиддии дохили дар байни рохбаронаш ба якчанд шохахо таксим шуд. Ба яке аз ин шохахо, ки дар фаъолияташ аз методхои террористи ва экстремисти истифода мебарад ташкилотхои зерин; - «Ал – тафкир – вал – хидчар», «Ал – чиход», «Хизб – ут – Тахрир – ал ислом» ( Хизби озодкунии исломи), «Чамоат – ат -  таблиг – ал исломия» ( Созмони маърифати исломи), «Ал тахрир вал хичр» шомил мебошанд.

Сарчашмаи гоявии «Хизб – ут –Тахрир» панисломизм махсуб меёбад. Онхо дар назди худ максад гузоштаанд, гояхои асосии ин таълимотро ба хаёт тадбик намоянд. «Хизб – ут – Тахрир» мехохад дар байни мусулмоноии кишвархои  чахон, ки сохтори гуногуни давлати доранд, гояи ташкили давлати исломиро дар шакли «халифат» амали намуда, дар чахон давлати муктадири унитарии исломиро, ки дар асоси конуни шариат фаъолият менамояд, тахсис намоянд. Онхо барои расидан ба ин максад аз методи чиходи умуми ба мукобили «кофирон» истифода намуда, мехоханд бо рохи зуровари сохтори конститутсионии давлатхои мавчударо бархам дода, хокимиятро гасб намоянд.

Тахриристон чахони имрузаро ба ду худуд; - Дорулислом ва Дорулкуфр таксим менамоянд. Худуди Дорулислом кишвархое хисобида мешаванд, ки дар онхо идоракунии давлат дар заминаи принсипхои шариат амали гардида, хатто дар шароите, ки он чо бештар «кофирон» сукунат доранд, хокимият дар зери химояи ислом ва мусулмонон карор дорад. Дорулкуфр худудхоест, ки дар он чо конунхои «кофирон» хукмрон аст. Дар ин худуд низ бояд  хокимият  таносубан зери пуштбонии ислом ва мусулмонон карор дошта бошад. Хамин тарик, хамаи кишвархое, ки дар он чо мусулмонон сукунат доранд, Дорулислом хисобида намешаванд ва хамчун Дорулкуфр боки мемонанд. Равшан мешавад, ки тахриристон ба чуз низоми халифат,  шаклхои дигари  сохтори давлатиро эътироф намекунанд, Хамаи давлатхои дигари исломи - Эрон, Афгонистон, Арабистони Сауди, Покистон ва гайраро ба худуди Дорулкуфр шомил мекунанд, яъне ин давлатхо бояд сарнагун карда шаванд.

Бесабаб нест, ки дар мамлакатхои араб ба мукобили намояндагони  ин хизб муборизаи оштинопазир бурда мешавад.

Онхоро таъкиб мекунанд, ба хабс мегиранд ва чазохои сахтарин медиханд. Масалан, мутобики маълумоти эътимодбахш танхо дар моххои феврал – марти соли 2000 дар Сурия 800 нафар, дар Иордания 20 нафар, дар Туркия 36 нафар  аъзоёни ин хизб ба хабс гирифта шуд. Фаъолияти « Хизб – ут – Тахрир» кариб дар хамаи мамлакатхои исломи, аз чумла дар кишвархои араб гайриконуни эълон шудааст. Онхо ба таври пинхони амал мекунанд.

Мувофиви акидаи намояндагони «Хизб – ут – Тахрир» дар кишвархои исломи, аз чумла араби, ки бо низоми хокимияти « кофирон» идора мешавад, гуё исломи омехта амал мекунад. Зери мафхуми тартибот ва сохтори давлатии

«кофирон» мавчудияти конститутсия, парламент, низоми интихоботи халки, Президент ва конунхо дигаре, ки аз чониби муносибатхои чамъиятии гуногун танзим мешаванд, фахмида мешаванд.

Тибки маълумоти кобили эътимод равшан мешавад, ки «Хизб – ут – Тахрир» на танхо ба душмании ошкоро, террор даъват менамояд, балки фаъолияти ташкилотхои дигари террористиро ба монанди; - «Чиход» ва

«Хамос», харакати вахобии» Чамоат – уд Даъват – ва – Сунна», ташкилотхои террористии байналмиллали – «Ал – Чиход – Интернейшил», «Бародарони мусулмон», « Гурухи байналхалкии исломи» ва «Фронти умумичахонии Чиход», кадоме, ки ба он террористи раќами якуми чахон – Шайх Усома Бен Ладен сарвари мекард дастгири менамояд.

Якубов О. Волчя стадия. Кравовой след террора. стр 101, 104, 110, 199, 203)

Кисмати асосии аъзоёни «Хизб – ут - Тахрир» - ро шахсоне собик дар мактабхои дини тахсилнамуда ташкил медиханд. Дар байни аъзоёни хизб намояндагони чавонони донишчу ва зиёиён бештар ба назар мерасанд. Хамзамон мукаррар карда шудааст, ки аъзоёни « Хизб – ут – Тахрир» максади асосии худро дар тахсис додани давлат дар шакли « халифат» дида, хама гунна ташкили сохтори демократиро дар чомеа катъиян инкор мекунанд. Мутобики барномаи хизб сохтмони «халифат» дар чор мархила амали мегардад.

-якум - «Саховат», яъне ба сифати пирохан истифода намудани дин, бо максади чалб намудани аъзоён ба хизб.

- дуюм – муттахид шудан бо халк, намояндагони худро дар дастгохи давлати шомил намудан, пахн намудани адабиёт ва… чахонбинии сиёси, ташкили вазъияти муковимат дар сохтор ва муассисахои давлати.

- сеюм – бо рохи ташкили намоиш ва митингхо мушарраф шудан ба истефои хокимият.

- чахорум -  агар хокимият  ихтиёри ба истефо наравад,

онро бо рохи ярок сарнагун намудан.


Тахлили мукуисавии барномаи Хизби нахзати исломии Точикистон собит менамояд, ки нуктахои асосии он аз бисёр чихат ба барномаи «Хизб – ут – Тахрир» шабохат дорад. Фаромуш набояд кард, ки «Хизб – ут – Тахрир» шохаи террористии «Ихвон – ул – муслимин» аст. Пешвоёни Хизби нахзати исломи Точикистон низ исломро аз нигохи ихвонии Саид Кутб ва Хасан Банно  ва дастурхои онхо шинохтаанд. Масалан, сиёсати интихобнамудаи рохбари собик хизб – Мухиддин Кабири бо номи « сиёсати сабр», ки онро солхои охир пеша кардааст, нусхаи аслии барномаи «Хизб – ут  Тахрир» аст. Мутобики он исломихо дар навбати аввал бояд « кадам ба кадам» вазъи инкилобиро тайёр кунанд ва посон инкилобро рохандози намоянд.

Хотирнишон менамоем, ташкилоти нахустини собик  Хизби нахзати исломии Точикистон хаунуз соли 1978 дар совхози «Туркманистон» - нохияи Бохтар  тахсис ёфта, дар мархилаи аввал ба монанди созмони махфии «Бародарони мусулмон» ба таври пинхони амал меекад. 26 октябри соли 1991 анчумани муассисони хизб ба таври расми баргузор шуд ва   солхои 1991 – 1993 хизби мазкур фаъолияти ошкоро дошт. 21 июли соли 1993 бо карори Суди Олии Чумхурии Точикистон дар катори Хизби демократии Точикистон, харакати « Растохез» ва созмони «Лаъли Бадахшон» барои ташкили намоиши бардавом дар майдони «Шахидон», дар моххои март – майи соли 1992, ки ба чанги бародаркуш оварда расонд, фаъолияти Хизби Нахзати исломии Точикистон низ маън карда шуд. Рохбарони хизб ба Афгонистон фирор намуда, дар он чо мохи июни соли 1993 Иттиходи мухолифи точикро ташкил намуданд, ки ба хайати он намояндагони Хизби Нахзати ислом ва Хизби демократии Точикистон шомил буданд. (Сборник статей. Миротворческие проиесси в Тадчикистане. – Душанбе – 1998 – стр. 341)    Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон танхо 28 октябри соли 1999 бо максади ба амал омадани тафохуми амали миёни нерухои дорои мавкеи сиёсии дини ва дуняви дашта, бо максади истикрори сулх ва ризоияти миллии байни точикон, мутобики моддаи 28 – и Конститутсияи Точикистон, ки тахсиси хизбхои сиёсии хусусияти дини дошта рухсат медихад, нахустин хизби дорои хусусияти дини, яъне Хизби нахзати исломии Точикистонро маротибаи дуюм ба таври расми ба кайд гирифт.

Раиси собики Хизби нахзати ислом М. Химматзода максаду мароми хизбро чунин баён намуда буд; «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз чониби хочагони хоричи  барои ичрои вазоиф дастраси мо мешуданд, ба рох монда шуда буд. Дар ин маврид донишчуёне, ки мухассилини давлатхои хоричи буданд, ба мо кумакхои хубе карданд. Кутубу рисолоти пешгомону  пешвоёни давлат ва харакатхои исломии олам Шайх Хасани    Банно, бародарон Саид Кутб ва Мухаммад Кутб, Саид Хавво, Абдуллои Мавдуди боис гардиданд, ки мо ба худ рох ёбем, тарзу усули муборизаро биомузем. Ислом танхо иборат аз ибодат нест. Ислом хам дин, хам сиёсат, хам дунё ва хам охират аст» ( Кенчаев С. Табаддулоти Точикистон, кисми 1. – Душанбе, 1993 – сах. 259)

Хак ба чониби яке аз донишмандони мазхаби ханафи, эшони Хикматуллохи точикободи аст, ки зарурият надоштани ташкили чунин хизбро дар Точикистон тахкид намуда, гафта буд; « Барои мазхаби Ханафи хизби нахзати ислом лозим нест. Хизби мо Куръони мачид аст, ки аз тарафи худои яккаву ягона ба руи замин омадааст».

Бо далелхои муътамад собит намудан мумкин аст, ки мазхаби « Ваххобия» ва «Ихвон – ул – муслимин» дар чумхурии кучаки мо солхои тулони чори гардида, реша давонида, тарафдорони зиёди дохилию хоричи пайдо намуда будааст. Хавфу хатари он ба мазхаби ханафия меафзояд ва ханафиёнро лозим аст барои поку муббаро нигох доштани мазхаби худ тадбирхои судманд андешанд.

Мисоли равшани ин гуна тадбирхо, бо ибтикори Президенти кишвар, Чаноби оли Эмомали Рахмон дар таърихи 15   сентябри соли 2008 интишор наудани фармон дар бораи « Соли бузургдошти  Имоми Аъзам эълон кардани соли 2009» ва ба ифтихори ин бузугвор, баргузор намудани симпозиуми байналхалки ва конференсияи илми - амалии чумхурияви – « Мероси Абу Ханифа ва фарханги милли» дар таърихи 26 феврали соли 2009 дар шахри Душанбе мебошад.

Сарвари кишвар Эмомали Рахмон дар маколахои пармухтавои илмии худ –

«Имоми Аъзам ва  хувияти милли»; « Имоми Аъзам ва гуфтугуи тамаддунхо» дар мавриди зарурияти тахкики рузгору осор ва акоиду таълимоти Имоми Аъзам дар Точикистон изхори акида намуда, мухаккиконро ба бозшиносии мероси арчманд ва хидматхои таърихию мазхабии ин шахсияти бузургвори миллат хидоят намуд.

- «Маъхазхои гуногуни таърихи гувоханд, - тахкид намуд сарвари кишвар дар маколаи худ «Имоми Аъзам ва хувияти милли» ки Имоми Аъзам ва мазхаби фикхии у дар хифз ва таквияти асолати кавми-милли, хуввияти таърихи ва арзиши фархангии динии халкхои шомили Хилофати исломи накши бузурги таърихи доштанд. Агар имруз халкхои мусалмони дорои асолату хуввияти том, забон, фарханг, урфу одат ва  суннату анъаноти хосу нотакрори таърихи фаъолияти босамар ва созанда дошта бошанд, пас дар ин амр хидмати арзандаи ин бузургмард ва мазхаби у хеле хуб возех мегардад… Аслан мероси акидати ва фархангии Абуханифа дар тахкими хамзистии осоиштаи тамоми мусулмонон, махсусан таъмини вахдати миллии точикон ахамияти хаёти  доарад. Вокеан хам мазхаби Абуханифа дар тули таърих ва хам дар рузгори ичтимоии мардум ба омили мухими вахдати милли ва башари, мусолиха ва тахкими субботу оромии чамъият табдил ёфтааст. Мебояд, ки мо аз ин таълимоти созанда дар амали рузмараи худ пурсамар истифода намоем. (Эмомали Рахмон Имоми Аъзам ва хувияти милли – Чумхурият, 2008, 18 ноябр)

Нахустин маротиба созмонхои ибтидоии «Хизб – ут – Тахрир» дар худуди Осиёи Миёна солхои 1992 – 1994 дар вилоятхои Фаргона, Андичон ва Тошкент ташкил шуда дар муддати кутох дар тамоми худуди Узбекистон пахн шуд. Шаходати раднопазири фаъолияти «Хизб – ут – Тахрир» 16 феврали соли 1999 дар ташкили амалиёти террористи ба чони Президенти Узбекистон иштирок намудани намояндагони он буд, кадоме, ки яке аз маъулони хизб Хафизулло Носиров хангоми тафтишот инро эфтироф намуд. Макомоти хифзи хукук дар Узбекистон ба мукобили хизб муборизаи оштинопазир бурд. Дар худи хамон сол беш аз 400 нафар аъзоёни хизбро дастгир намуда, ба мухлати дароз аз озоди махрум намуданд.

Нахустин созмонхои ибтидоии «Хиизб – ут – Тахрир» дар худуди Точикистон соли 1998 дар шахри Хучанд, чамоатхои Ёва ва Исфисори нохияи Бобочон Гафуров пайдо шуданд  Пешвоёни хизб А. Юсуфов ва А. Муллоев аз муташаннич шудани вазъи сиёси дар вилоят, ки дар натичаи хучуми мусалахонаи силохбадастони Махмуд Худойбердиев ба амал омада буд, истифода намуда, бо рохи гайриконуни ва пинхони дар аксари шахру нохияхои вилоят созмонхо ибтидоии (халка) хизби худро тахсис намуданд.

Кобили тазаккур аст, ки аз мохи сентябри соли 1999 то мохи сентябри соли 2005 кормандони макомоти хифзи хукуки вилояти Сугд бештар аз 1000 нафар аъзоёи хизбро ошкор намуда, аз онхо беш аз 500 номгуй адабиёти таргиботиро мусодира намуданд. Равшан гардид, ки ба аъзогии ин хизб асосан чавонони аз 17 то 25 – солаи  тачрибаи хаёти надошта, дар бораи максад ва ниятхои нопоки хизб маълумот надошта, яъне гумрохшуда шомил гардидаанд. (Ахмедова В. «Хизб – ут – Тахрир» в Тадчикистане. – Бизнес и палитика – 2000 – 18 август).

Дар Чумхурии Точикистон аз тарафи Вазорати бехатари дар робита бо макомотхои дигари хифзи хукук бо максади ошкор ва пешгири намудани фаъолияти зиддиконститутсионии пешвоён ва фаъолони хизби мазкур тадбирхои судбахш андешида мешавад. Хануз дар соли 2000 тавассути амали намудани тадбирхои фаври шуъбахои пинхони фаъолият доштаи « Хизб – ут – Тахрир» дар шахрхои Душанбе, Хучанд, Гафуров, нохияхои Кофарнихон, Рудаки, Хисор, Исфара, Ашт, Чаббор Расулов, Спетамен, Зафаробод, Гончи, Истаравшан, Мастчох ошкор ва бархам дода шуд. Маълум гардид, ки кисми бештари пайравони «Хизб – ут – Тахрир» - ро шахсони миллаташон узбек аз вилоятхои Фаргона, Андичон ва Намангони Чумхурии Узбекистон ташкил медиханд.

(Махмудзод Р. «Хизб – ут – Тахрир» - партия исламского освобочдения- Народная газета – 2000 -22 июл).

Бо далелхои муътамад собит намудан мумкин аст, ки яке аз омилхои вусъат ёфтани фаъолияти хизбу харакатхои тундгаро аз чониби давлатхои Гарб бо сарварии ИМА дастгири ёфтани онхо мебошад. Бесабаб нест, ки кароргохи доимии « Хизб – ут – Тахрир» дар Лондон вокеъ аст. Инро чунин маънидод кардан мумкин аст, ки дар олами ислом хизбу харакатхои мазкур хамачониба таъкиб ва махкум карда мешаванд, англисхо бошанд онхоро зери химояти худ гирифтаанд, то ки ба мадади онхо дар олами ислом тафрика ва тахлука андозанд. Аз тарафи дигар хизбу харакатхое, ки дар чахони ислои вучуд доранд, хама кудратхох мебошанд ва хеч гох ба хотири хадафи ягона муттахид намешаванд. Гарчанде бисёре аз онхо, шабехи «Хизб – ут – Тахрир» даъвои тахсиси Хилофати умумичахонии исломи доранд.

Ин чо, барои таквияти сухан порчаеро аз маколаи Саймумин Ятимов меорем, ки чунин нигоштааст; - «Бисёр идеологияхо ихтироъ гардиданд, ба монанди ваххобизм, салафизм, тахриризм, толибизм ва бисёр « изм» - хои дигар, ки дар берун (яъне Гарб) сохта шуда, дар миёни мусулмонон ворид карда шудаанд ва ба манфиати муаллифонашон – бадномсозони ислом ва халкхои пайравони ин дини мукаддас хизмат карда истодаанд. Тачрибаи хаёти чамъияти, муносибатхои байналмилали ва вокеияти геополитики танхо инро собит мекунад». (Ятимов С. Идеология ва манфиати милли. Чумхурият – 23 апрели соли 2014.)

Давлатхои муктадири Гарб ин хизбу харакатхоро на факат чонибдори мекунанд, балки аз лихози модди мадад мерасонанд.

Масалан, дар соли 2003 аз тарафи макомоти хифзи хукуки шахри Хучанди вилояти Сугд созмони ибтидоии «Хизб – ут – Тахрир» ошкор ва безарар гардонида шуд. Пешво ва фаъолони дастгиршудаи хизб; - Зайниддин ва Зиёвиддин Абдуваххобовхо, Иброхим Каюмов ва Саидкамолиддин Носиров

(шахрвандони Узбекистон) икрор шуданд, ки аз соли 1999 инчиниб аз ИМА хамасола маблаги муайяни пули мегиранд.

Дахолати кишвархои Гарб ба олами ислом падидаи нав нест. Хануз дар асри XVIII мустамликадорони англис кадамхои нахустинро дар рохи чудоиандози дар олами ислом гузошта буданд. Асосгузори чараёни радикали бо номи

«Ваххобия» Мухаммад ибни Абдулваххоб (солхои 1691 – 1786) ба раванди чудоиандози олами ислом ба пурраги итмоми мантики бахшид. Таназзули Хилофати Усмони дар давраи хукмронии султон Салимхони III аз як тараф ва сиёсати чахонии мустамликадорони англис аз тарафи дигар ба пайдоиш ва пахншавии ваххобия мусоидат намуд. Ба тасвири муфассали мохият ва мундаричаи таълимоти ваххобия таваккуф накарда, танхо ба он иктифо менамоем, ки ваххобиён китоби мукаддаси Куръон ва хадисхоро тахриф намуда, собит кардани мешаванд, ки; 1) Аллохтаъоло дорои узвхои бадан аст; 2) Аллохтаъоло дар болои Арш дар Самовот маком дорад; 3) шафоат пурсидан аз Расули Аллох (с) куфр ва ширк аст; 4) зиёрати кабри Пайгомбар (с) маън (харом) аст; 5) мусулмонон аз сабаби он, ки Пайгомбар (с) – аз хад зиёд таърифу тавсиф менамоянд, рохи дурустро гум кардаанд; 6) агар Расули Акрам (с)-  ро «сайидуна» гафта ном баред, ин нишони бедини (куфр) аст; 7) шахсони аз руи эхтиром ба Пайгомбар (с) ба кабри у руй оварда, ба Худои Карим бо дуое мурочиаткунанда мушрик ва кофиранд ва гайра. (Абдукаюми Мухаммадчон Тарчума ва тавзехи китоби Курамухаммад – хочи Рамазонов “Гумрохии ваххобиён дар мисоли Шариат” – Хучанд – 2012 – сах. 19).

Таълимоти ваххобия танхо дар Арабистони Сауди ба хайси мазхаби хукмрон эфтироф гардида, барои зери хокимияти худ муттахид намудани тамоми чумхурихои Арабистон ва олами ислом мубориза мебурд, аз ин ру ба ин навъ чунбишхоро дар нукоти олам, аз чумла дар Точикистон дастгири намудаанд.

Хакикати талх ин аст, созмонхои хуфиякори чосусии хоричи шабехи «Ваххобия» ва « Ихвон – ул – муслимин» вазъи мутташаничи чумхурии моро дар моххои аввали истиклолият, махсусан набудани урдую лавозимоти харби, пусидаву фалач гардидани аркони  давлати, бенизомию бесохиби ва омилхои дигарро ба инобат гирифта, «мехру таваччухашон» - ро ба кишвари точикон зиёд намуданд. Аз чониби дигар сабаби асосии ба чумхурии мо экспорт шудани ин чараёнхо он буд, ки давлатхои мусулмони чахон максаду мароми талху торики мазхаби  «Ваххобия» ва «Ихвон – ул – муслимин» - ро дарк науда, мавкеашонро танг намуда буданд.

Пушида нест, ки амалиётхои гайриисломию вахшиёнаи  «ваххобиён» ва

«Ихвон – ул – муслимин» -  шикастану хароб кардани мазорхои хазрати сахобагон рахматуллои алайн дар Маккаву Мадина, хучум ба масчиди харамайни Каъба, даст кашидан парастиши чойхои мукаддас ва гайра,  тайи асрхо то хануз мардуми муъмину мусулмонро аз онхо дилхунук кардааст.

Бесабаб нест, ки конуни давлатхои Сурия, Ирок, Урдун нисбати шахсоне, ки ба узвияти созмонхои « Ихвон – ул – муслимин» дохил мегарданд, хукми ќатл пешбини карда шудааст. Дар Сурия «ихвон» - ро бо номи «Ихвон – уш – шаётин»  (бародарони шайтон) ном мебаранд.

Бо максади амали намудани акида ва накшахои худ  «Ваххобия» шабехи «Ихвон» - ул – муслимин» аз усулхои гуногуни мубориза; - ба тарики зури ба амал овардани инкилобу табаддулоти давлати, ворид шудан ба дохили гуруху ахзоби сиёси, ташкил ва гузаронидани гирдихамои, террори шахсиятхои сиёси, ба шур овардан ва мухолифи хамдигар намудани мардум, террор ва куштори фарзандони баруманнди сарсупурдаи миллат, тахрибкори, лату куб, тарсу вохимаафкани дар миёни мардум ва гайра

истифода мебаранд.

Мардуми точик дар солхои чанги шахрванди симои хакикии вахобиёнро бо чашмони худ диданд ва аз он хулосаи лозими бардоштанд. Котилони ба таври вахшиёна ба шаходат расонидани фарзандони баруманди миллат; - Муродуллохи Шерализода, Нурулло Хувайдуллоев, Рустам Абдурахимов, Сайфиддин Сангов, Курбонали Имомов, Лангари Лангариев, Ботур Исхоков бо ду писараш ( Акраму Икром), Мавлон Олимов, Кароматуллох Курбонов, Шерали Файзалиев, Махсум Олими ва дигарон амали номардонаи  тарафдорон ва пайравони мазхаби « Ваххобия» ва «Ихвон – ул – муслимин») буданд.

Терроризм ва ифротгарои беш аз харваќта авЧ гирифта, бо оќибатхои дахшатбору берахмонаи худ ба проблемаи Чиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин тамоми кишрхои Чомеаро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгарои дастаЧамона ва беамон мубориза баранд.

Бояд хар як шахрванди ба ору номуси кишвар ба ќадри давлати сохибистиќлол ва зиндагии орому осуда расида, хеЧ гох зиракии сиёсиро аз даст надиханд ва харгиз фирефтаи таблиѓоту аќидахои бебунёди ифроти нашаванд.  Ба хотири хифзи сулху ороми ва пойдории суботи сиёсиии Чомеъа мо хама бояд муттахид бошем ва ба фаъолияти сохтору маќомотхои давлати хамаЧониба мусоидат намоем.

Тоатов Фирдавс

Бобоев Абдукарим

муаллими калони кафедраи

Чомеашиноси ДИС ДДТТ.

 

 

Новости

Общество
Экономика
Культура
Образование
Здравоохранение
Спорт
Молодёжь
Партнёрство
Сельское хозяйство
Экология
 
 

Наши кадры

Услуги ЦИТ "Кова"

MOD_BTSLIDESWHO_NOTICE_NO_IMAGES