Чавонони бояд бо Ватан, миллат ва давлати сохибистиклоли худ ифтихор намоянд

E-mail Печать PDF
(0 голоса, среднее 0 из 5)

Маркази байналмилалии мубориза бо терроризму экстемизм вокеъ дар Холланд ахиран гузоришеро дар сомонахои инетрнети ба нашр расонд, ки тибки он шахрвандони Точикистон дар садри чадвали гурухи террористии ба ном “Давлати исломи” дар Ирок ва Сурия карор доранд ва аз хама зиёд худро курбони ин Чангхои бемаъни кардаанд. Ин гузориш дар сархати расонахои чахон карор гирифт ва дар шабакахои ичтимои низ перомуни он  арзёбиву баррасихои зиёде шуд.

Рости баъди мутолиаи ин матлаб кас ба андеша меравад, ки чаро Чавонони мо ин кадар зудбоваранд ва осон ба доми макру фиреби дигарон меафтанд? Имруз дар чахон вокеахое рух дода истодаанд, ки аслан ба дину оин ва аз чумла ба дини Ислом иртиботе надоранд. Терроризм дину мазхаб, миллат надорад ва онро махз ба як дин вобаста кардан билкул нодуруст аст. Аммо мутассифона расонахои иттилооти бо пахши барномахои зиёде имруз махз мафхуми терроризму экстремизмро ба дини мубини Ислом бор мекунанд, ки дар зери ин афкору андешаи онхо хадафхои нопоку сиёх махфуз мебошад. Борхо Асосгузори сулху Вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон дар минбархои баланд ба химояти дини мубини Ислом бархоста таъкид кардаанд, ки Ислом ба терроризм аслан иртиботе надорад.

 

Боиси афсус ва нигарони аст, ки имруз Чавонони мо фирефтаи афкори бегонагон гардида, даст ба амалхои ношоиста мезананд ва дар сархати маргталабон дар давлати ба номи исломии Ироку Шом карор доранд. Омилхои ба ин кор даст задании Чавонон дар чист, шояд онхо баъди тамошои кинофилмхои кахрамонтарошии хориЧи дар интихоби рох баъзан ба сардаргуми мераванд, рохгум мезананд. Намедонанд ба ки монанд шаванд. Ё сомонахои ифроти ва террористи кори худро карданд ва тавонистанд як гурухи кам хам бошад, Чавононро гумрох созанд. Албатта, рафтори ин Чавонон, кушта шудани онхо дар Чанги бегона - ватани бегона, Чони ширин ба бод додан барои манфиати бегона нишони Чахолату бесаводии онхост.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ин амали нангини Чавонони маргталаби точикро ѓайр аз бехиради  намешавад ба чизи дигар унвон кард. Дар шабакаи иЧтимои андешаи як нафар фарди тоЧик перомуни хабари маргталабии Чавонони тоЧик Чой дода шудааст, ки ба ин мазмун аст: «Хабар медиханд, ки маргталабон дар холати сархуши аз нашъаву хероин худкуши мекунанд. Агар ин харфхо рост бошад, вокеан ки кори бехирадонае анЧом медиханд. Як хабарнигор, ки бо бачахое аз Сурия баргашта борхо мусохиба доштааст, мегуяд, вазну эътибори фармондехони ДИИШ вобаста ба шумори “шахидонашон” аст. Яъне, як фармондехи ДИИШ хар чи бештар Чанговаронашро талаф дихад хамон андоза сохиби эътибор мешавад. Холо хабар мерасад, ки Гулмурод Халимов (собик фармондехи ОМОН-и Точикистон) бахше аз фармондехии ДИИШ-ро бар душ дорад. Эхтимол, дар афзоиши шумори маргталабони тоЧик сахм дошта бошад. Рехтани хуни тоЧик бо дасти тоЧик. Бехиради!»

Хабари мазкур вокунишхои шадидро дар шабакахои иЧтимои ба бор овард. Соли 2017 дар Точикистон Соли Чавонон эълон гардид ва албатта дар ин росто тарбияи маънавию ахлокии Чавонон ва хидояти онхо ба суи ростиву росткори, барои амалхои неку созанда рисолати аслии ахли Чомеаи кишвар аст.

Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат Эмомали Рахмон ба масъалаи Чавонон ва накши онхо дар Чомеа бештар таваччух зохир карда, таъкид карданд, ки Соли 2017 – Соли Чавонон эълон карда шавад. Пешвои муаззами миллат Чавононро ба худшиносию худогохи ва дустдории марзу буми кишвар даъват карда, таъкид намуданд, ки Чавонони мо дар хар чое, ки бошанд, бояд хисси баланди милли дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати сохибистиклоли худ ва забону фарханги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои химояи онхо хамеша омода ва хушёру зирак бошанд.

«Чавонон бояд аз хама кишрхои Чомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусхои созанда пешниход намоянд, рамзхои давлати, мукаддасоти милли ва дастовардхои истиклолиятро хифз кунанд, дар хаёти сиёсиву ичтимоии Точикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро химоя карда, худро аз хама хавфу хатархои номатлуби Чахони муосир эмин нигох доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари мукаддасамон бошанд».

Нуъмон Рачабзода

 

Новости

Общество
Экономика
Культура
Образование
Здравоохранение
Спорт
Молодёжь
Партнёрство
Сельское хозяйство
Экология
 
 

Наши кадры

Услуги ЦИТ "Кова"

MOD_BTSLIDESWHO_NOTICE_NO_IMAGES